ТАШАККУЛИ НАСЛИ НАВРАС

Рушду такомули маърифати аҳли ҷомеа аз таълиму тарбияи дуруст сарчашма мегирад. Таваҷҷуҳ ба мактабу маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Зеро маҳз дар муассисаҳои таълимӣ наврасону ҷавонони дорои ҷаҳонбинии васеъ ба камол мерасанд.
Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии хеш ба соҳаи маориф ва тарбияи наврасону ҷавонон диққати ҷиддӣ зоҳир мекунанд. Зеро маблағгузорӣ ба маориф сармоягузорӣ ба рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти рӯзафзуни кишвар маҳсуб меёбад. Бинобар ин, дар назди аҳли маориф, устодону омӯзгорон тарбия ва ба камол расондани насли донишманд ва худшиносу ватандӯст дар мадди назар қарор дорад. Маҳз ҷавонони дорои ҷаҳонбинии васеъ, бархӯрдор аз технологияи муосир ва донандаи забонҳои хориҷӣ метавонанд кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва ба рушди иқтисоди миллӣ хидмати арзанда кунанд. Мусаллам аст, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат ба масоили таълиму тарбия ва мактабу маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шуда, муҳимтарин вазифаҳо барои оянда ба аҳли маориф муқаррар мегарданд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2023) тарбияи инсони созандаву такомулёфта дар меҳвар қарор дошт, зеро ҳамон ҷомеае ба рушду нумуъ ва пешрафт ноил мегардад, ки наврасону ҷавонони он аз илмҳои замонавӣ бархӯрдор ва худшиносу ватандӯст бошанд.
Шоистаи таъкид аст, ки дар кишвар барои наврасону ҷавонон тамоми имконот ҷиҳати фаро гирифтани донишҳои замонавӣ фароҳам оварда шуда, сол то сол бунёди муассисаҳои таълимӣ ва дар баробари ин, бо техникаву технологияи муосир ва воситаҳои аёнии таълим таъмин намудани таълимгоҳҳо вусъати тоза меёбад. Танҳо соли 2023 дар кишвар беш аз 200 муассисаи нави таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат ба соҳаи маориф шаҳодат медиҳад. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ такмилбахши фаъолияти омӯзгорону хонандагон гардида, ба беҳтар шудани сатҳу сифати таълим мусоидат мекунад.
Имконоту шароити муосир аҳли маорифро вазифадор мекунад, ки дар таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён масъулияти бештар эҳсос кунанд. Дар ин маврид Сарвари давлат зикр намудаанд: «Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».
Маблағгузории рӯзафзуни соҳаи маориф яке аз омилҳои муассири рушди соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар Паём Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин радабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21­умро ишғол менамояд».
Нуктаи дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода шуд, вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир мебошад. Маълум аст, ки ҷаҳон дар ҳолати мураккабшавӣ қарор дорад ва дар гӯшаҳои гуногуни он ҷангу нооромиҳо ҷараён дорад. Дар ин вазъ масъалаи амният ва ваҳдати миллӣ омили пешрафт ва суботи ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, мо­омӯзгоронро зарур аст, ки дар ҷараёни ҳар дарс перомуни сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ машғулиятҳои иловагӣ гузаронда, насли созандаву бунёдкорро ба камол расонем. Дар Паёми Пешвои миллат бамаврид зикр шудааст: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем».
Лола ҚУРБОНОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики литсейи №1-и
шаҳри Бӯстон,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон